Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Доир ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд конфренсия баргузор шуд


Доир ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд конфренсия баргузор шуд




Бо ташаббуси намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфренсияи илмӣ-амалии  вилоятӣ баргузор шуд. 




Дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.


Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Муҳаммад Ҳайдарзода иброз намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва умуман дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад. Маҳз дар Паём дарҷ гардидани масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон сабаби рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».




Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 бо намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатии вилояти Хатлон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода