КӮЛОБ. САФАРБАРИИ БОШУКУҲ ВА ХОҲИШМАНДОНАИ 73 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ХАТМКУНАНДА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 467
5-уми май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими гусели 73 нафар хатмкунандагони донишгоҳ, ки бо амри дил ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта буданд, баргузор гардид. Ҷавонони далеру шуҷоъ бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳифзу ҳимояи Ватан-Модар омодагии худро баён дошта, баҳри адо намудани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равон гаштанд.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, донишҷӯёну устодони ин боргоҳи таълимӣ ва волидони хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад карда, иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, аз таъсисёбии он сӣ сол пур шудааст. Артиши миллӣ давоми се даҳсола бо дастгирӣ ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи тавоно ва пуриқтидор табдил ёфта, аз имтиҳони сангин гузаштааст. Имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳ ҳамаҷиҳата рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошад ва барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст. Сафи Артиши миллиро ҷавонони ҷасуру далери Ватан пурра намуда, омодагии худро баҳри дифои ин сарзамини аҷдодӣ баён медоранд. Дар сафи Артиши миллии кишвари азизамон ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳ ҷалб гардида, рисолати ҷавонмарди иҷро менамоянд.
Ҳамзамон дар ин ин чорабинӣ публитсисти барҷастаи тоҷик Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, рӯзноманигор Аҳмад Иброҳим суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мафҳуми номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватанӣ аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддас ва пуршараф барои ҳар нафари ватандӯст ба шумор меравад. Бешак, мафҳуми ватану ватандӯстӣ барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонеро мебинем, ки барои ватани худ корҳои бузурге анҷом додаанд. Шумо имрӯз бори дигар исбот намудед, ки аз зумраи ҷавонони ватандӯсти ин сарзамин ҳастед.
Ҳамчунин, як қатор волидайни ҷавонон баромад карда, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати охир ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...