Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён сафари корӣ анҷом дод.
Раиси вилоят нахуст аз хоҷагии деҳқонии “Сафо”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Золи Зар ноҳияи Ҷ. Балхӣ боздид намуд. Хоҷагии деҳқонии “Сафо” наздики 4 гектар заминро дар ихтиёр дошта, аз ин дар майдони 2,71 гектар замин боғи меваҳои гуногун, илова ба ин, дар қитъаҳои боқимонда кишти дигар зироат, аз ҷумла пахта, картошка, ғалладонагиҳо, полезиро ба роҳ мондааст. Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагии мазкур бо фаъолияти хоҷагидорон шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои саҳроӣ, истифодаи оқилонаву пурсамари замин, аз як замин бардоштани 2-3 ҳосил дастурҳои муфид пешниҳод намуд.
Боздиди раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз хоҷагии деҳқонии “Юнус-Ш” оғоз гардид. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур ба боғдорӣ нигаронида шуда, дар як маврид хоҷагидорон барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгори худ ва таъмини бозори истеъмолӣ ғалладонагиҳо, ҷав, сабзиро кишт ва парвариш мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектарро дар бар мегирад ва аз ин ҳисоб 3 гектари онро боғи анор ташкил медиҳад.
Раиси вилоят аз анорбоғи хоҷагӣ дидан намуд ва аз хоҷагидорон даъват ба амал овард, ки нигоҳубини боғро хуб ба роҳ монда, аз қитъаҳои дохили боғ низ пурсамар истифода баранд.