Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "Як моҳи ҳаёти кӯдакон" дар Хатлон


"Як моҳи ҳаёти кӯдакон" дар Хатлон




Имрӯз дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба ифтихори кушодашавии "Як моҳи ҳаёти кӯдакон"  чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатича Абдуллозода ва роҳбарони чанде аз ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, кормандони соҳаи маориф, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, кӯдакон ва волидони тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ иштирок доранд.



Чорабиниро сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ифтитоҳ намуд. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон баромад карда, табрикоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба кӯдакону наврасон расонид.

Гуфта шуд,ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон"Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд " маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири тақвият бахшидани сармояи зеҳнии фарзандон ва таъмини рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст.




Дар доираи чорабиниҳои "Як моҳи ҳаёти кӯдакон" ба хотири риояи ҳатмии талаботи "Эъломияи ҳуқуқи кӯдак" тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Дар қисми дигари чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон тақдим гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода