Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Поси хотири қаҳрамонони ҷанг


Поси хотири қаҳрамонони ҷанг



Ҳафтоду ҳашт сол пеш аз ин, дар даҳаи аввали моҳи май, оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хомӯш гашт. Дар он ҷанг бештар аз 26 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок гардид, шаҳрҳо, деҳаҳо ба хоки сиёҳ яксон шуданд, миллионҳо одамон маъюбу ятим гаштанд. Аламу дарду доғи он ҷанги хонумонсӯз то кунун аз синаҳо нарафтааст, балки ҳеҷ гоҳ нахоҳад рафт. Бо гузашти рӯзгор он дарду доғ ба синаи саҳифаи таърих мекӯчад ва башарро пайваста ҳушдор месозад: сулҳро гиромӣ доред. Ин огоҳӣ бештар барои худи мо, ки солҳои ҷанги бародаркуширо аз сар гузаронидем ва пайомадҳои онро ҳанӯз дар ҷони хеш эҳсос мекунем, зарур аст.

Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» таҷассумгари таърихи зиндаи халқ аст. Дар он маъниҳои пирӯзиву ғалаба, ватандӯстиву озодихоҳӣ, ҷасорату фидокорӣ, ҷонбозиву марг, диловариву мардонагӣ, ростиву адолат, сулҳу субот, пайки шодиву поси хотири ҳамешагии рафтагон ифода ёфтаанд.

Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмати корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красная ткан» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!» меҳнат мекарданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост барои дастгирии Армияи советӣ кумак кунад, ғалабаро тезонад.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманди мо аст. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша пос медорем.

Ҳомидзода Шарофиддин,
майори хизмати дохилӣ, ноҳияи Данғара

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода