Талош баҳри зиндагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 559
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари қурбониёни зиёд доштанаш вазъи ҳаёти мардумро низ хеле бад карда, таъсири бади худро ба тамоми қишри ҷомеа расонд. Солҳои 1941-1945 дар таърихи ИҶШС фаромӯшнашаванда буда, ҷони садҳо ҷавононро рабуд. Дар ин солҳо яке чашмбароҳи падар буду дигаре ҷигараш баҳри фарзанди ҷавонаш месӯхт. Номаҳои сиёҳ қатор - қатор аз тарафи фронт ба дасти хонаводаҳои мотамзада меомад. Дар баробари мардон занҳо низ дар ақибгоҳ кумаки худро дареғ надошта, баҳри ба даст овардани ғалаба мекӯшиданд.
Ҷавшанбӣ Маҳмадалиева зани як саду яксола аз шаҳри Бохтар аст. Холаи Ҷавшанбӣ соли 1920 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаст. Вақте ки фарзанди нахустини холаи Ҷавшанбӣ ва амаки Муродалӣ 40-рӯза буд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Муродалӣ Маҳмадалиев қатори дигар ҷавонон ба артиш пайваста, ба фронт рафт.
Занони тоҷик дар ҳама давру замон ҷасуру нотарс буда, баҳри пешбурди рӯзгори хеш бо арақи ҷабини худ кор мекарданду нон меёфтанд. Холаи Ҷавшанбӣ аз зумраи ҳамин гуна занон буда, то омадани шавҳараш аз ҷанг кӯшиш мекард, то зиндагии худро устувор нигоҳ дорад. Мавсуф иброз медорад: «Дар замони ҷанг худам танҳо дувоздаҳ говро меҷӯшидам, аз шири онҳо маҳсулоти ширии гуногун тайёр мекардам. Дар он замонҳо хӯрок ва пӯшока кам буд ва ман пойи бараҳна алаф медаравидам".
Шавҳари холаи Ҷавшанбӣ дар ҷанг борҳо маҷрӯҳ гашта, ба Ватан бармегардад. Соли 1983 ҷаҳони фониро падруд мегӯяд.
Тӯли чил сол аст, ки ин зан зиндагии оиларо танҳо пеш мебарад. Онҳо соҳиби ҳафт фарзанд мебошанд.
Фирӯза БОБОЗОДА,
таҷрибаомӯзи "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00