Бобои Сафаралӣ дар Рӯзи Ғалаба 100-сола мешавад(навор)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Навори видеоӣ / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 715
Сафаралӣ Файзалиев 9 майи соли равон ба синни мубораки 100 қадам мегузорад. Мавсуф иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, рӯзҳои пурдаҳшатро паси сар кардааст. Барои дифои ватани хеш сина сипар намуда, ҷони худро чандин маротиба зери хатар гузоштааст.
Сафаралӣ Файзалиев 9 майи соли 1923 дар деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Солҳои 1938-1941 дар Кумитаи мададгори мудофиаи ҳарбӣ таҳсил менамояд. Бо оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯро дар 18- солагӣ мисли дигар ҷавонони ҷасури Ватан ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват намуданд. Соли 1941 ба фронт сафарбар мешавад. Хизматро дар полки Байрақи Сурхдори №229, ки ба ҳайати фронти Украина шомил буд, оғоз менамояд. Дар амалиётҳои ҳарбӣ ва озодкунии шаҳрҳои Курск, Воронеж, Харков, Киев ва дигар давлатҳои Шӯравӣ иштирок кардааст.
-Дар муҳорибаи озодкунии Харков амалиётҳои шадидро паси сар кардем. Пас аз ду рӯзи амалиёти ҷангӣ дар натиҷаи ҳуҷуми немисҳо ба полки мо чандин нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар рӯзи панҷуми амалиёт ҳамяроқони маро куштанд, аз як полки ҳарбии мо танҳо се нафар зинда мондем: ман ва ду ҳамяроқи дигарам.
Тибқи маслиҳати пешакӣ бо рафиқонам худро мурда вонамуд карда, ҳангоми ду-се қадам дур шудани сарбозони немис мо оташ кушода, онҳоро ба ҳалокат расонидем. Баъд аз маҳв кардани сарбозони немис ман беҳуш гаштам. Пас аз ба ҳуш омаданам, ба атроф назар кардам, ғайр аз дуди норинҷак ва ҷасадҳои беҷони ҳамяроқонам чизи дигареро ёд надорам, - бо ашки чашм нақл кард бобои Сафаралӣ Сафаралӣ Файзалиев дар майдони ҷанг далерию шуҷоат нишон дода, аз тири фашистони гитлерӣ ду маротиба маҷрӯҳ мешавад. Пас аз сиҳат шудани ҷароҳаташ ӯро ҳамчун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм дар аэродроми ҳарбии шаҳри Қазони Тотористон ба хизмат фиристоданд. Муждаи ғалабаро дар ҳамон ҷо шунида, аз хурсандӣ ашки шодӣ мерезад.
Замони бо рафиқони ҳамхизматам хайру хуш карда ба ватан баргаштан, якдигарро гарм дар оғӯш гирифтем.
Як рафиқам, ки аз давлати Белоруссия буд, бо чашмони гирён ба ман гуфт: “Рафиқ Сафаралӣ, вақте ба Ватан баргаштӣ, ҳатман саломи маро ба ҳамватанонат расон ва ба онҳо даҳшати ин ҷангро нақл кун. Ҷонфидоиҳои сарбозонро налқ кун, то онҳо донанд, ки ғалаба ба осонӣ ба даст наомадааст ва ба қадри озодӣ ва осоиштагӣ расанд,- афзуд Сафаралӣ Файзалиев. Баъди ба Тоҷикистон баргаштанаш бобои Сафаралӣ фаъолияташро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ идома дода, дар инкишофи ин соҳа ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ саҳми сазовор гузоштааст.
Сафаралӣ Файзалиев воқеан қаҳрамон аст. Чуноне ки худи ӯ ба ёд овард: -Ҳангоме ки ба Ватан баргаштам, ҳамсояҳоям гуфтанд, ки бобои Сафаралӣ, ба иштирокчиёни ҷанг пул медиҳанд, Шумо рафта пулатонро гиред. Ҳайрон шуда пурсидам: “кадом пул?”.
-Пул барои хизмат ба Ватан ва ҷароҳат бардоштанатон.
-Дигар дар ин бора ба ман нагӯед, хизмат ба Ватан пулакӣ намешавад, ман ҳар коре кардам, барои Ватан кам аст. Хизмат ба Ватан қарзу фарз аст.
[media=]
Воқеан, ин гуна корнамоиро қаҳрамонӣ мегӯянд. Кору зиндагии ин марди матинирода намунаи ибрати насли наврас ва ҷавон мебошад. Бобои Сафаралӣ барои хизматҳои ҷангиаш бо ордени “Ҷанги ватанӣ дараҷаи дуюм”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, бахшида ба “25-солагии Ғалаба”, медали Жуков ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидааст.
Ҳоло ин бобои мо куҳансолтарин марди маҳалла маҳсуб ёфта, бо фарзандон ва наберагон ҳаёти осошта дорад ва дар иҳотаи пайвандон умри бобаракат мегузаронад. Ӯ аз тинҷиву осудагии Ватан шукргузор буда, ҳамеша дуогӯи пешрафти Тоҷикистон мебошад.
Фарида Баротова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...