Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТЕАТРИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ БА НОМИ "АТО МУҲАММАДҶОНОВ" САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАШТ


ТЕАТРИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ БА НОМИ "АТО МУҲАММАДҶОНОВ" САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАШТ



Аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи "Ато Муҳаммадҷонов"-и шаҳри Бохтар дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ширкат варзида, соҳиби ҷойи 2-юм гардиданд,-дар ин бора Отахон Саидов, директори театри мазкур хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳунармандони театри вилоят, бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" дар ин фестивал ширкат кардаю миёни дигар театрҳои ҷумҳурӣ мақоми 2-юмро касб намуданд. 


Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода омода гаштааст. 


Бино ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ҳунармандони театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҷойи аввал, театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ мавқеи сеюмро касб намуд. 


Ёдовар намудан ба маврид аст, ки ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бо ширкат кардан дар ин фестивал, соли 2019 ҷойи сеюм, соли 2021 соҳиби ҷойи дуюм гашта буданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода