Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” дода шуд


Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” дода шуд



Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 майи соли ҷорӣ  дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон “АЛТИН ҚИРОН” сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.


Нахуст, фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.


Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард, омадааст дар иттилоия.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ, аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.


Ҳамчунин, Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш бо боварии том гуфтанд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.  

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода