Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форум оид ба илм, технология ва фанноварӣ дар СММ


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форум оид ба илм, технология ва фанноварӣ дар СММ



Тибқи иттилои Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 3 майи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Форуми солонаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба илм, технология ва фанноварӣ, ки ба мавзуи аҳамияти илм, технология ва фанноварӣ (STI Forum) барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудааст, баргузор гардид. 


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро Дар ифтитоҳи форуми мазкур иштирок намуданд.


Бояд ёдовар шуд, ки зимни баргузории Форум, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи таъсири  Ковид-19 ба соҳаи иҷтимоӣ сухан гуфта, сари вақт андешидани чораҳои фаврӣ барои коҳиш додани таъсири ҳамагирӣ таъкид кард. Ҳамчунин, мавсуф изҳор дошт, ки Тоҷикистон низ барои кам кардани таъсири ҳамагирӣ аз дастоварҳои илм, технология ва навоварӣ истифода карда, қадамҳои муассиро ҷиҳати пешгирии буҳронҳои эҳтимолии оянда андешида истодааст. 


Инчунин, дар ҳошияи Форум, вазири маориф ва илм бо Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лачезара Стоева ва Намояндаи доимии Малайзия дар СММ Аҳмад Файсал Муҳаммад вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқотҳои мазкур, ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф табодули назар карданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода