Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим - Жомарт Токаев гуфтушунид карданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим - Жомарт Токаев гуфтушунид карданд



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона бо сарвари давлати ин кишвар Қосим - Жоамрт Токаев дидору гуфтушунид намуд. Барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон президенти Қазоқистон шахсан ба фурудгоҳ омад. Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 3 май бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт. 


Ҳамин тариқ, рӯзи аввали сафари корӣ дар шаҳри Остона ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд. Дар раванди кори он, дар ҳаҷми 1 миллиарду 300 миллион доллар қарордод ба имзо расид. Ҷонибҳо нақша доранд, ки маблағи умумирл то 2 миллиард доллар расонанд.


Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар аъзои ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Ҳамчунин, дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, ки ба тоҷирони ду кишвар дар рушди савдои мутақобила мусоидат мекунад, тавофуқ ҳосил шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода