Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КҲФ огоҳӣ медиҳад!


КҲФ огоҳӣ медиҳад!



Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. 


 Эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар бо такя ба хабари Агентии обуҳавошиносӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми офатҳои табиӣ риоя кунанд.


Аз рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш худдорӣ намуда, аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.


Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулодда, шаҳрвандон метавонанд то белефонҳои 112,  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода