"Сад ранги чакан" дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 520
Дар майдони 70 солагии водии Вахши шаҳри Бохтар даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, аҳли фарҳанг ва фаъолонаи вилоят баргузор гардид.
Дар саҳни майдони 70 солагии Водии Вахш ҳунармандон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят маҳсули ҳунарии худро аз қабили чакану адрасу атлас ва дигар анвои ҳунарии аз чакан омодашуда, ба намоиш гузоштанд.
Нахуст Фирӯза Шарифӣ муовини раиси вилоят суханронӣ намуда, зикр кард, ки чакан яке аз қадимтарин суннати пурғановати мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, беҳтарин василаи муаррифии давлат дар тамоми ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Сипас, муовини сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода изҳор дошт, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ рисолати бонувони тоҷик мебошад. Бояд ҳар кадоми мо барои рушди ҳамаҷонибаи ҳунарҳои миллиамон аз ҷумла чакан сайъ намоем ва барои муаррифии он ҳамаҷониба мусоидат кунем.
Баъдан намоиши куртаҳои чакан аз ҷониби гулдухтарон сурат гирифта, тамоми навъҳои чаканро мувофиқ ба минтақаҳояшон манзури ҳозирин гардониданд. Сипас, аҳли фарҳанги вилоят бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин хотири меҳмононро болида гардониданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии Сад ранги чакан бо тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...