Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 631
Барои дар замири ҳар як фард ҷой кардани муҳаббати ватандорӣ ҳанӯз аз даврони кӯдакию наврасӣ тарбияи ҳарбию ватандӯстиро ба роҳ мондан зарур мебошад. Маҳз инро ба инобат гирифта, дар муассисаҳои таълимӣ дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ ташкил карда шудааст. Вале, новобаста ба ин, волидонро зарур аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ ва дӯст доштани як каф хоки Ватан ба камол расонанд.
Дар воқеъ, даъвати ҳарбӣ яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад, ки баҳри ҳифзи Ватан – Модар ҷавонони шуҷоу далер ва бонангу номуси давлату миллат сафарбар карда мешаванд. Дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамагонро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Бахусус, дар самти аз байн бурдани бофтаҳои бардурӯғи душманони миллат ва ба роҳ мондани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонанд.
Ёдовар бояд гардид, ки имрӯз раванди хизмати ҳарбӣ аз тарафи сохторҳои марбута таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Аз он ҷумла, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо қисмҳои низомӣ дар ҳамкорӣ буда, аз вазъи хизмати афсарон ҳамарӯза бохабар мебошанд.
Инчунин, назорату санҷишҳо гузаронида мешаванд. Ҳоло дар қисмҳои низомӣ дар асоси Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳукумати электронӣ” камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст, ки амалу ҳаракати хизматчиёни ҳарбӣ назорат карда мешаванд. Нисбат ба нафароне, ки талаботи будубош ва хизмати ҳарбиро дағалона вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Комиссияи даъвати ҳарбӣ давоми чанд соли охир масъалаи ба қисмҳои низомӣ сафарбар намудани фарзандони мансабдоронро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Ин ҳам ба хотири аз байн бурдани овоза ва сару садоҳои бофтаву бардурӯғи мардум оид ба масъалаи сафарбар нашудани фарзандони мансабдорон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Солҳои охир сафарбаршавии фарзандони мансабдорон барзиёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки Ватан-Модар ду калимаи муқаддас ва ба ҳам пайванд ҳастанд. Мо бе ин ҳарду зиндагӣ карда наметавонем, зеро моро яке тавлид менамояд ва дигаре ба оғӯш гирифта, ба воя мерасонад. Ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад. Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд, онҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд. Хизматчиёне, ки хизматро содиқона ба ҷо меоранд, ба рухсатии кӯтоҳмуддат рухсат дода мешаванд, ки ин амалҳо дар солҳои Шӯравӣ кам ба чашм мерасид. Тибқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Меҳри Ватан дар қалби ҷавонон аз оила маншаъ гирифта, бояд дар мактаб мустаҳкам гардад. Ва ҷавонон бояд баъди хатми мактаб хизмати Ватан-Модарро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобанд.
Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба гузаронида мешавад. Ба хизмати ҳарбӣ танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27-сола расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ ва барои ҷавонони аълумоти олидор 12 моҳро дар бар мегирад.
Хуллас, теъдоди хоҳишмандон барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидан рӯз то рӯз бештар мегардад, ки ин гувоҳи баланд гардидани муҳаббату ҳисси ватанпарастии насли ҷавон мебошад. Аммо, ҷавононро лозим аст, ки ҳаргиз зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба фиребу найранг ва бофтаҳои душманони давлату миллати тоҷик дода нашаванд ва бар ҳифзи Ватан – Модар ҳамеша омода бошанд.
Наврӯз Тоҳирзода,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...