«Ҷавонон узви як оила»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 511
Рӯзи 1-уми май дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳии чорабиниҳо ба муносибати рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон узви як оила" доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъоли вилоят иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханронии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода ифтитоҳ ёфт.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки ҷавонони ҳушманду закӣ ояндаи давлату миллат дониста мешаванд ва мо ба ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон, ба неруву дониши онҳо эътимоду умеди зиёд дорем.
Мавсуф зикр намуд, ки қисмати асосии аҳолии вилоятро ҷавонон ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, ин раванд зина ба зина рушд намуда истодааст. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон дорад.
Баъдан, аз ҷониби ду тан аз ҷавонони фаъоли вилоят маърӯзаҳо дар мавзӯи ҷавонӣ ва ҷавонон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ба хотири болидаруҳии иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷониби ҷавонону ҳунармандони вилоят суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш гардонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳвораи ҷавонон то 30 майи соли равон ҳамарӯза бо баргузории маҳфилҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва чорабиниҳои варзишию оммавӣ ба нақша гирифта шуда, идома хоҳад ёфт.
Ф. Баротова,
“Хатлон”