Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: «Аз ҳар ваҷаб замини киштбоб самаранок истифода кунем»


Давлаталӣ Саид: «Аз ҳар ваҷаб замини киштбоб самаранок истифода кунем»



Боздиди раиси вилояти Хатлон аз ноҳияи Фархор

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 апрели соли равон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара баён гардид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзи 28 апрел бо гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Фархор ташриф овард.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор якчанд иншооти таъиноташон гуногун сохта мешавад.

Раиси вилоят зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии № 28, ки дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти «Гулшан» воқеъ аст, боздид ба амал овард. Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки сохтмони он аз тарафи филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб соли 2020 оғоз шуда, соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Бинои мазкур аз 14 синфхона иборат буда, аз ошхона, толори варзишӣ, китобхона, синфхонаҳои фаннӣ барои 640 хонанда дар ду баст иборат мебошад.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ раиси вилоят бо гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои Ҷамоати деҳоти «Фархор», воқеъ дар деҳаи Ориён, шиносоӣ пайдо кард. Тибқи маълумоти масъулин фармоишгари сохт-мон филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Айни ҳол корҳои васлгарию бетонрезӣ идома доранд. Раиси вилоят дар  вақти боздид ба масъулони сохтмон барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳати муфид дод. 

Сипас, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз сохтмони бинои асосии муассисаи таълимии №5-и деҳаи Шаҳртеппаи Ҷамоати деҳоти «Ватан» боздид ба амал овард. Сохтмони муассиса бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони бино соли 2020 шурӯъ гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида мешавад. Тибқи лоиҳа бинои мазкур сеошёна буда, барои 1280 хонанда дар ду баст, иборат аз 34 синфхона ва дигар утоқҳои корӣ дар назар дошта шудааст. Зимни боздид раиси вилоят ба масъулони сохтмон барои саривақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришу авсияҳо дод.

Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят аз самаранок истифодабарии заминҳои хоҷагии деҳқонии “Дилноза”, воқеъ дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти «Фархор» боздид ба амал овард. Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 3 гектар замин дошта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда, дарахтони зардолу, себ, гелос, анор ва ангур дар мавсими имсола ҳосили хуб ба бор овардаанд. Дар 1 гектари дигар бошад, картошка шинонида шуда, айни ҳол дар нашъунамои хуб қарор дорад.

Раиси вилоят зимни боздид бо деҳқонони хоҷагии мазкур суҳбати сарироҳӣ намуда, аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 27 апрели соли равон дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, қайд кард, ки тибқи ҳидояти Пешвои миллат ҳар як ваҷаб заминро самаранок ва бомақсад истифода бояд бурд.

Зимни сафари корӣ раиси вилоят аз истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Зариф Шарифов, воқеъ дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти «Хуросон», дидан намуд. Номбурда дар замини наздиҳавлигиии худ 3 гармхона сохта, дар дутои он помидор ва дар яктои дигар бодиринг парвариш мекунад. Аллакай маҳсули дастранҷи хонадон, аз ҷумла бодиринг ба бозор бароварда шуда, баъди 10 рӯз помидор низ пухта мерасад. Дар як тарафи қитъаи замин картошка ва карам коштааст. Ӯ тасмим гирифтааст, ки баъди рӯёнидани ҳосили якум дар ҷойи онҳо кишти дуюм- гулкарам ва дигар зироатҳоро ба роҳ монад.

Зимни боздид раиси вилоят бо мардум суҳбат намуда, онҳоро барои истифодаи дурусти ҳар як ваҷаб замин ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами деҳқонони кордида даъват намуд.

Баҳром Миров

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода