Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Ҳамадонӣ


Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Ҳамадонӣ



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сафари корӣ ташриф овар.

Қабул ва муроҷиати шаҳрвандон дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим гузаронида шуд, ки дар он 17 нафар сокинони ноҳия муроҷиат намуданд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудири шуъбаи қабул ва муроҷиати шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду серфарзанд, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ, иваз намудани симчӯбҳои куҳна, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои рӯзгор муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид баъди муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву ноҳиявӣ барои иҷрои масълаҳои зикршуда супоришҳои қатъӣ дода, ҳамзамон оид ба супоришҳои Сарвари мамлакат ба фаъолони ноҳия дастур дода шуд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Барои гирифтани се-чор ҳосил ва захира намудани хӯроки дусола чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин ҷавононро ба роҳи рост ва расидан ба қадру қимати тинҷию амонии ватанамон ҳидоят намоянд.

Бояд гуфт, ки баъд аз дастуру супоришҳои раиси вилоят он оилаҳое, ки ба кумаки молиявӣ ниёз доштанд, саривақт таъмин гардиданд. Ҳамзамон, ба маъюби гурӯҳи якум Қурбонбӣ Шарипова, ки дар нигоҳубини хоҳараш қарор дорад ва аз хурд будани хонаи истиқоматишон танқисӣ мекашанд, бо дастури раиси вилоят дар рӯзҳои наздиктарин дар манзили зисташон бо кумаки дастаҷамъӣ ба сохтмони хона оғоз менамоянд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода