Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷанни Инфантино


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷанни Инфантино



Имрӯз, 2 май, Ҷанни Инфантино — Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бораи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро дар доираи ин сафари расмӣ ба ҳузур пазируфтанд.


Дар дидор ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ бо созмонҳо, нақши футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва афзоиши маҳбубияти ин навъи варзиш баррасӣ гардид.


Ҳамчунин, тибқи  нақша раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Ҷанни Инфантино мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ мекунанд.ф

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода