Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Якшанбе, душанбе ва сешанбе – истироҳат?


Якшанбе, душанбе ва сешанбе – истироҳат?



Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2023”, рӯзи шанбеи 6 май рӯзи корӣ буда, рӯзҳои 7, 8 ва 9 майи соли 2023 рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд. 


Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи кишвар, дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора иттилоъ дода, афзудааст, ки ин тасмим ба хотири Рӯзи Ғалаба гирифта шудааст, ки ҳар сол 9 май таҷлил гардида, тибқи қонун рӯзи ғайрикорӣ ҳисобида мешавад. Қобили қайд аст, ки ба кормандоне, ки реҷаи 5-рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 7, 8 ва 9 май рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешавад.


Ҳамин гуна, рӯзи кории душанбеи 26 июн ба рӯзи шанбеи 24 июн гузаронида шуда, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои 25-27 июн истироҳатӣ хоҳанд буд.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода