Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани гидроагрегати рақами 1-и НБО-и “Сарбанд” дар шаҳри Левакант


Ба истифода додани гидроагрегати рақами 1-и НБО-и “Сарбанд” дар шаҳри Левакант



25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, гидроагрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.

Гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.   

Дар неругоҳи мазкур дар давоми 60 сол ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод.   

Бо дарназардошти ин соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзаму босамари неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ мебошад.

Дар асоси созишнома лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи  якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд буда, марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.

 Татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори 240МВт”-ро ширкати паймонкор - “Синохайдро”-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба уҳда дошта, дар марҳилаи аввал ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду навсозии гидроагрегатҳои №1, 2, 3, 5, 6, дарғотҳои обпарто, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, дастгоҳҳои оташнишонӣ, васли автотрансформаторҳои АТ-2, АТ-3, бунёди бинои нави марказӣ идоракунии неругоҳ, таъмири бинои толори мошинаҳо, барқарорсозии ҳамаи кранҳои борбардори неругоҳ, корҳои сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ, дастгоҳи тақсимоти марказӣ, системаи равшаннамоии неругоҳ, иваз намудани таҷxизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, дигар дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасон ва мустаҳкамкунии соҳили рости канали пайвасткунанда пешбинӣ гардидааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти навтарини барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар самти таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбат бо кормандону мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”-ро боз як қадами устувору воқеӣ дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки акнун баъд аз таҷдиду навсозии пурра неругоҳ солҳои дароз бо истеҳсоли қувваи барқи аз лиҳози экологӣ безарар дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳад кард.

Мувофиқи ЛОТ-1-и Лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”  баъд аз таҷдиду навсозӣ гидроагрегати №5 моҳи ноябри соли 2018 бо тавоноии 49МВт, гидроагрегати №6 моҳи августи соли 2019 бо тавоноии 49МВт, гидроагрегати №2 моҳи ноябри соли 2020 бо тавоноии 39МВт, гидроагрегати №3 моҳи марти соли 2022 бо тавоноии 49МВт ва инак гидроагрегати №1 бо тавоноии 39МВт ба кор дароварда шуд. Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати №4-и неругоҳ бо тавоноии 45 МВт ҳанӯз соли 2012 пурра таҷдиду навсозӣ гардида буд.
 
Тибқи ЛОТ-2-и лоиҳа бошад, аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” ва ширкати паймонкор - Консорсиуми “Генсер-ҶИ”-и Ҷумҳурии Туркия шартнома оид ба барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолта баста шуда, корҳо дар ин самт пурра иҷро шудааст.

Аз ҷумла, барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз қабили иваз намудани   трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 35/6 киловолта, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ ва биноҳои идоракунӣ дар доираи қисмати дуюми лоиҳа амалӣ карда шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз сабаби кӯҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 160 МВт-ро ташкил менамуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 МВт ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва истеҳсолу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд бардошта шуд.

Ба  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тавассути генераторҳои таҷдидшуда то санаи 20-уми апрели соли 2023  ба миқдори 3 миллиарду 132 миллиону 724 ҳазору 560 кВт/соат қувваи барқ дар неругоҳ истеҳсол карда шудааст.

 Имрӯзҳо дар Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 162 корманд, аз ҷумла 25 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки ҳайати муҳандисиву техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.

 Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва истифодабарии боэътимоди неругоҳ дар канали пайвасткунанда корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром ҷараён дошта, аз сатҳи 455 то 460,5 метр корҳои оҳану бетонрезӣ дар ҳаҷми 1800м3 бо дарозии 90 метр ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло ҳаҷми иҷрои корҳо дар ин самт  50% -ро ташкил дода, корҳои бетонрезӣ дар ҳаҷми 1215 м3 ба анҷом расидааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ истифодаи оқилонаву босамари захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Ҳамаи ин ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ба ин восита таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик ва шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст.

 http://www.president.tj/node/30511

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода