Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 601
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншоот дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сурат гирифта, бунёди он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ҷиҳати анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Дар ҳамин рӯз, инчунин ба чанд нафар кормандони шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим карда шуд, ки ин иқдоми Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҳушҳолии онҳо шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баистифодадиҳии иншооти нав, ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим карданд.
Ҳамин тариқ бо амалӣ кардани ташаббуси навбатии созандагӣ яъне ба истифода додани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
http://www.president.tj/node/30510
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...