Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани гармхонаи инноватсионии ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Левакант


Ба истифода додани гармхонаи инноватсионии ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Левакант



Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Гармхонаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” дар масоҳати 10 гектар замин бунёд намудааст. Дар як гармхонаи он бодиринг шинонида шудааст ва ҳоло ниҳолҳои он пурборанд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар бештар аз 1 гектар замини дохили гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли бодиринг бо дарназардошти талаботи аграрӣ шинонида шудааст, ки ҳар бехи он аз 3 то 4 килограм маҳсулот дорад. Дар умум аз як гектари гармхонаи мазкур тибқи дурнамо дар як давра бояд то 100 тонна ин навъи маҳсулот ба даст оварда шавад. Дар маҷмуъ дар ҳолати истифодаи пурраи гармхонаи мазкур то ба 1000 тонна намудҳои гуногуни маҳсулоти аълосифат аз ин ҷо ба даст овардан мумкин аст, ки ин нишондод барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар тамоми фасли сол саҳми назаррас хоҳад гузошт. Тибқи нақша дар ин гармхона ҳамчунин парваришу истеҳсоли помидори навъи “Замира” ва қулфинай дар назар дошта шудааст.

Айни ҳол, дар ин қитъа бодиринги намуди “Орзу Ф1”, ки аз Олмон ворид гардидаву ба иқлими Тоҷикистон ва ҳар навъи бемориҳо тобовар мебошад, парвариш карда мешавад. Дар нақша аст, ки дар як сол то 3 ҳосил аз гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ба даст оварда шавад.

Таъкид гардид, ки дар навбати аввал маҳсулоти гармхона барои қонеъсозии талаботи дохилӣ ба бозор ба фурӯш бароварда мешавад ва минбаъд бо афзоиш ёфтани истеҳсолот он низ ба кишварҳои чун Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот хоҳад шуд.
Гармхонаи инноватсионӣ дар асоси технологияи муосир, ки аз Ҷумҳурии Корея  ворид гардидааст бунёд ёфта, тамоми марҳилаҳои парвариши маҳсулот ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, назорати рӯшноӣ ва ивази ҳавои дохилӣ ба таври худкор амалӣ гашта, ҳамчунин гармии дохили иншооти бахши  кишоварзӣ бо истифода аз оби гарм бо усули радиаторӣ таъмин карда мешавад.

Шодобгардонии маҳсулот бо шакли қатрагӣ анҷом ёфта, ҳамчунин таъмини нуриҳои менералиро низ тариқи об компютер назорату танзим менамояд.

Бо дарназардошти талаботи зиёд ба маҳсулоти тару тоза ва тариқи табиӣ парваришёфта истеҳсолот бо усули органикӣ дар гармхонаи инноватсионӣ роҳандозӣ шудааст ва дар муддати аз 40 то 45 рӯз бодирингу помидор ва дигар намуди маҳсулот пухтаву барои ҷамъоварӣ омода мешавад.

Дар ҳар гектар қитъаи гармхонаи мазкур то 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардида, дар маҷмуъ дар ин  иншоот то 100 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин  100 нафари дигар барои ҷамъоварии ҳосил ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. 
Инчунин барои қабули муштариён дар назди гармхона шароити зарурӣ, ҳамсони утоқҳои кориву машваратӣ ташкил гардидааст.
Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бунёд гардидааст.

Дар назди иншооти мазкур ҳамчунин намоиши дигар молу маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки дар гӯшаҳои гуногуни кишвар истеҳсол мегардад, барпо карда шуд.

Таъкид гардид, ки ширкат айни замон дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 94 гектар боғ истеҳсоли зардолу, ангур, олуча, бодом ва хучро  ба роҳ мондааст. Ҳамчунин соҳибкор дар масоҳати 6 гектар замини дигар дар ноҳияи Спитамен боғи суперинтенсивӣ ва гармхонаи инноватсиониро ба истифода додааст, ки он фаъолияти босамар дорад. Дар ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун бошад, аз ҷониби ҷамъият дар масоҳати 65 гектар замин боғи бодом ва писта бунёд гардида, маҳсулоти он ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими  таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои  густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаи инноватсионӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

http://www.president.tj/node/30507

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода