Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гузоштани санги асос барои бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор


Гузоштани санги асос барои бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор



25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор” оғоз бахшиданд.

Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду азнавсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.

Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа, қитъаи роҳи мошингарди Левакант - Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад.

Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.

Марҳилаи сеюм бошад, бунёду навсозии қитъаи роҳи Лолазор - Данғара мебошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 18,96 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Бо таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 3 техникӣ баробар мешавад.
Зимни муаррифии Лоиҳаи бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин масири роҳ азнавсозии 4 пул низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора як пули мошингузар дар марҳилаи дуюм, ки қитъаи Левакант - Лолазор мебошад, пурра навсозӣ мегардад.

Ҳамзамон дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур 28 адад қубурҳои обгузар, се адад истгоҳи нақлиёт, насби сутунпояҳо барои чароғонкунӣ ба масофаи зиёда аз 66 километр ва гузоштани аломатҳои роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи амалишавии навсозии роҳи автомобилгардиди қитъаи Бохтар - Левакант сохтмони 2 адад гузаргоҳи рӯизаминӣ, 5 адад такядевор бо дарозии умумии 554 метр, 5 адад қубури обгузар, 25 адад истгоҳи нақлиёт, васлу насби новаҳои оҳану бетонӣ бо дарозии умумии 14,74 километр, чароғонкунонии беруна ба масофаи 20,50 километр, инчунин насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани Лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор барои таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молу маҳсулоти гуногун дар ҳама фасли сол ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи Лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буда, паймонкори асосӣ Ширкати чинии “Нанҷинг Комюникейшн Инҷинияринг Лтд Ко” мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо Лоиҳаи бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор ба масъулон дастур доданд, ки роҳи мазкур дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таҷдиду навсозӣ карда шавад, то ки солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат намояд.

Ҳоло корҳои бунёду навсозӣ дар қитъаи алоҳидаи роҳ, аз ҷумла дар қатъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант оғоз гардида, тибқи нақша бо маром ҷараён дорад.  

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар амалишавии лоиҳаи мазкур 130 нафар коргарону мутахассисон, аз ҷумла 20 нафар коргарони хориҷӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз техника ва механизми муосири роҳсозӣ корро пеш мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки таҷдиди роҳи автомобилгарди мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Дар оянда метавонад, ҳамарӯза тавассути ин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода шавад.

Аз ин рў, бунёду навсозии роҳ аҳаммияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.

Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Чун ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии “Барқарорсозӣ ва беҳтаркунии роҳи автомобилгарди Бохтар – Данғара”, қитъаҳои Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот таъмин хоҳад шуд.

Ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёду азнавсозии роҳ қадамҳои устувор барои ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

http://www.president.tj/node/30506

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода