Истеҳсоли пиёз афзун, нархаш арзон шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 562
Хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун 400 тонна ҳосили пиёзи барвақтии худро ба бозорҳо бароварданд.
Ҳанӯз дар ибтидои моҳи апрел пиёзкорони хоҷагиҳои пешқадами ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили пиёз оғоз бахшида, бо вориди бозор кардани маҳсулоти худ ба поин рафтани арзиши он наздик ба 3 сомонӣ сабаб шуданд.
Қудбиддин Аминов, мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун хабар дод, ки соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтии навъи “тунис” кишт карда, то кунун ҳосили беш аз 20 гектари онро ҷамъоварӣ намуданд. Хоҷагидорон аз 1 гектар замин то 400-450 сентнер ҳосили пиёз ба даст меоранд.
Бар асоси дурнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад. Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...