Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Роҳандозии дарси «Маърифати оиладорӣ»


Роҳандозии дарси «Маърифати оиладорӣ»



Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дарсҳои тарбиявии «Маърифати оиладорӣ»-ро муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир намояд.


Ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Барномаи рушди оила бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дода шуд. 


Дар вохӯрии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят оид ба масъалаи фаъолгардонии неруи зеҳнию фитрии ҷавондухтарон зимни баргузории барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, риояи либоспӯшии миллӣ ва ба ин васила аз байн бурдани падидаҳои бегонапарастӣ ва омода гардидани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.


Сипас, дар бахшҳои алоҳида бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон дарси «Маърифати оиладорӣ» гузаронида шуда, мавзуъҳои ташкили оилаи солим, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар байни духтарон ва тарбияи насли босаводу соҳибандеша мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода