Хонандагони вилоят соҳиби 48 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 492
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ҷамъбаст гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти вилояти Хатлон бо гирифтани 48 ҷойи ифтихорӣ дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе бо гирифтани 80 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ) дар ҷойи якум қарор гирифтанд. Ҳамзамон хонандагони муассисаҳои вилояти Суғд сазовори 58 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 12 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ) ва вилояти Хатлон- 48 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло ва 27 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ) гардид.
Олимпиадаи мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00