Раиси вилоят тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Вахшро аёдат кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 448
Рраиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш ташриф оварда, аз шароиту зиндагии онҳо дидан намуд ва ба мактаббачагон тӯҳфаи идона ва кӯмакҳои яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонид. Дар ин бора хабар медиҳад.
Сараввал, раиси вилоят дар саҳни бино аз дастовард, ҳунару истеъдодҳои хонандагони ин муассиса дидан намуда, ба ҳунару истеъдодҳои онҳо баҳои баланд дод. Сипас, бо хонандагони ин даргоҳи маърифат вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки шумо таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ руҳафтода ва худро танҳо мапиндоред. Зеро давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша ғамхор ва пуштибони шумост.
Гуфта шуд, ки дар муассисаи мазкур айни замон 270 нафар кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассиса барои будубош, таҳсил ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тарбиятгирандагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори хушнудӣ карда, гуфтанд, ки бо аз бар намудани илму донишҳои гуногун, оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки имсол аз 12 нафар хатмкунандагони ин даргоҳ барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои касбиву олии мамлакат 11 нафарашон дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, имрӯзҳо бо кӯмаки устодон барои имтиҳонҳои қабул омодагӣ мегиранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00