Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чӣ қадар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ шуд?


Чӣ қадар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ шуд?



Тибқи иттилои бадастомада то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 118 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардидааст. Ҳоло дар назар аст, ки то охири сол беш аз 180 ярмаркаи дигар баргузор гардад.


Дар ин ярмаркаҳо беш аз 1 ҳазору 500 корхонаи гуногун ҷойи кории холӣ пешниҳод карда буданд. Аз ҷониби масъулини коргоҳу корхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон наздики 2 ҳазору 670 ҷойи корӣ барои корҷӯён пешниҳод карда шуд.


Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки аз ҳисоби ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар се моҳ ба беш аз 2 ҳазору 100 нафар роҳхат дода шуда, дар маҷмуъ беш аз 1 ҳазору 830 сокин бо кор таъмин шудаанд, ки аз ин наздики 700 нафарашон занон мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода