Самарқанд. Зиёрати қадамҷойи устод Айнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 496
Рӯзҳои 22-26-уми март мо ба Ҷумҳурии Узбекистон, ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошкент сафар доштем ва дар муддати 4 рӯз ҷойҳои таърихиро тамошо кардем.
Нахуст, ба шаҳри Самарқанд ворид шуда, аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дидан намудем. Мо аз тамошову маълумотҳои гирифтаамон аз хона-музейи устод Айнӣ як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Пеш аз ба он ҷо рафтан бо адиб ва рӯзноманигор, донишманди фарҳехтаи мо, ки дар Самарқанд ба сар мебарад ва дар корҳои ин хона-музей кумак мерасонад, устод Адаш Истад дар тамос шуда, хоҳиш кардем, то мусоидат намояд, ки мо маълумоти бештареро аз он ҷо дастрас кунем. Ва устод хоҳишамонро пазируфта, моро ҳамроҳӣ намуданд.
Бидуни шак, ягона шоире, ки дар заминаи фаъолиятҳои маорифпарварии хеш адабиёти навини тоҷикро то нимаи аввали солҳои 50-уми асри ХХ инкишоф додааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Яъне, ҷараёни ҳаёти ӯ дар ду давра: тоинқилобӣ ва замони шӯравӣ гузаштааст. Беш аз 30 соли ҳаёти ӯ ба давраи нави инкишофи адабиёту фарҳанги тоҷик иртибот мегирад. Ба ҳамин далел, 45 соли ҳаёти Садриддин Айнӣ, аз соли 1875 то 1920, ки сохтори амирсолорӣ аз байн бурда мешаваду Ҷумҳурии халқии Бухоро таъсис меёбад, ба давраи аввали рӯзгору фаъолияти донишандӯзиву маорифпарварии ӯ иртибот мегирад.
Дар Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ нахуст корманди он апаи Назира моро ҳамроҳӣ карда, маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Гуфтанд: “Дар ин ҳавлӣ устод Айнӣ солҳои зиёд зиндагӣ кардаанд ва асарҳои мондагори худро дар ҳамин ҷо навиштаанд.
Дар ҳуҷраи кориашон, ки дар ин хона аст, устод китобҳои “Мактаби куҳна”, “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро”, романи “Дохунда” ва “Ғуломон”-ро эҷод кардааст. Ин даргоҳро мо даргоҳи муқаддас меномем, чунки дар ин ҷо вақти дар ҳаёт будани устод Айнӣ бисёр шоирону олимону нависандагони тоҷик, ӯзбек ва рус омада, ҳамсуҳбати Айнӣ шудаанд. Ин вохӯриҳо дар аксҳое, ки дар ин ҷост, нишон дода шудаанд. Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Абулқосим Лоҳутӣ, Николай Тихонов, Сотим Улуғзода ва дигарон ба ин ҷо омада, бо устод Айнӣ суҳбатҳо анҷом додаанд. Садриддин Айнӣ дар Самарқанд дар синни 40-солагӣ оиладор мешаванд ва дар ҳамин ҳавлӣ 3 фарзанди устод Холида, Камол ва Лутфия ба воя мерасанд.
Китобдону қолину чароғу ҳар чизе, ки дар ин ҷо ҳаст, аслӣ буда, рақамгузорӣ шудаанд, муҳр доранд ва дар муҳофизати давлат ҳастанд. Хона-музейи устод давлатӣ буда, барои нигоҳ доштани экспонатҳо ҳар як корманд муваззаф гардидааст. Ин хона дар асри 19 сохта шудааст.
Апаи Назира гуфт: “Дар гузашта ин ҳавлӣ аз як самарқандии сарватманд буда, устод Айнӣ аввал дар ин ҷо ҳамчун иҷоранишин зиндагӣ мекунад ва баъдан онро харидорӣ менамояд”.
Деворҳои хона бо хишти хом ва чӯбкорӣ сохта шуда, аз ду қабат иборатанд. Тирезаҳои хонаҳо хеле наздик ба замин ҳастанд, ки сирри инро ба мо устод Адаш Истад гуфтанд: “Тирезаи тоҷикӣ аз қадим аз сатҳи замин сар мешуд, барои он ки тирезаи тоҷикӣ инсонро аз табиат ҷудо намекунад. Дар мо аввал дарреза мегуфтанд ва баъд тиреза шудааст. Ҳамаи хонаҳои тоҷикӣ даҳлез дошт. Дар мо мебел набуд, аммо дар тоқчаҳо ҳама чизро нигоҳ доштан мумкин буд. Мо ҳеҷ гоҳ хонаро танг намекунем, хона бояд барҳаво бошад”.
Устод Адаш Истад ҳангоми муаррифии хонаи устод Айнӣ як далели ҷолибро ба мо нақл карданд. Инро аксарият то ҳол намедонистанд. Эшон аз ҷоннисориҳои устод Айнӣ барои ҳифзи ин миллат қисса карданд: “Он замон НКВД тафтиш мекард ва агар аз хонае китобҳои диниро меёфт, соҳибаш ҳар касе мебуд, зери таъқибу фишори сиёсати давр қарор мегирифт. Устод Айнӣ барои навиштани китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳазорҳо китобро аз Бухорову дигар ҷо ҷамъ карда оварданд. Абдуқодир Муҳиддинов гуфтанд, ки то мо “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишта, дар Москва чоп карда, исбот накунем, ки адабиёти бузург дорем, моро ҷумҳурӣ шудан намемонанд, моро ҳамчун миллат эътироф намекунанд ва ҳамин корро устод Айнӣ бо кумаки молиявии Абдуқодир Муҳиддинов карданд. Абдуқодир Муҳиддинов барои ҳамин ҳавлиро харидан низ кумак намудааст. Муҳиддинов шахси сарватманд буд. Барои он ки китобҳоро НКВД мусодира накунад, устод Айнӣ дар ин ҳавлӣ таҳхона сохтаанд. Ман ҳисоб кардам, ки барои сохтани ин таҳхона 25 000 доллар сарф шудааст. Ин ҳама пулҳое буданд, ки Абдуқодир Муҳиддинов дода буд. Дар замини ин таҳхона қариб 1 метр реги хушк рехтаанд, то китобҳо нам накашанд”.
Устод Айнӣ ҷонашонро дар кафи даст гирифта, “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навиштаанд. Барои он китобҳоро харидан хеле маблағ сарф намудаанд. Ҳамаи ин хизматҳоро ба инобат гирифта, ба устод Айнӣ баландтарин унвон – Қаҳрамони Тоҷикистонро додаанд.
Дар ҳавлӣ нимпайкараи устод Айниро гузоштаанд, ки он бо санги мармари сафеди яклухт сохта шудааст.
Хонаи устод бисёр зебо ва мунаққаш аст, ки кас аз диданаш лаззат мебарад. Бисёр хонаи зебо, озода ва бо камоли ҳунармандӣ ороёфта.
Хулоса, тамоми либосу ашёҳое, ки устод Айнӣ истифода мебурданд, дар ин хона маҳфуз мебошад.
Сафар ба Самарқанди бостон ва махсусан дидан намудан аз Хона-музейи устод Айнӣ барои мо таассуроти ҷолибу фаромӯшнашуданӣ бахшид.
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
хабарнигори «Хатлон»,
Кӯлоб-Самарқанд-Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00