Шуълаи ҷовидон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 428
(Порча аз ёддоштҳои Қурбоной Убайдуллоева, мошиннависи устод Садриддин Айнӣ)
Устод Айнӣ тимсоли зиёиёни пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст. Дар як мақолааш устод таъкид намудааст: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст. Бо ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва махсусан, барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи раҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
-Воалайкум ассалом! Биёед, духтарам. Чӣ хизмат... Ҳа-а воқеан Шумо шояд мошиннависи Темурҷон фиристода бошед. Номатон, ғалат накунам, Қурбоной буд. Канӣ марҳамат, дарун дароед!.
Ҳарчанд медонистам, ки ҳамин шахс Садриддин Айнӣ аст, ба чашмони худ бовар накарда, ҳайратзада меистодам.
Устод, шояд изтиробамро пай бурд, ки бо табассуми самимӣ баъди маро дубора ба даромадан даъват намудан бо қадамҳои устуворе, ки ба синну солаш хос набуд, ба дари дарун наздик шуд ва овоз андохт:
- Холааш бароед - чӣ, бубинед, ба мо Темурҷон чӣ хел машиннавис фиристодаанд?
...Мо ба роҳ баромадем. Хонаи акаи Раҳим ҳам чандон дур не, дар поёни гузар воқеъ будааст. Ҳангоме ки акаи Раҳимро аз хонаашон пайдо накарда баргаштем, дидем, ки ӯ бо муаллим менишаст, онҳо чой менӯшиданд.
-Раҳим, корамон бо рустакбозӣ ибтидо гирифт, ба ҳар ҳол интиҳояш ба хайр мекӯчида бошад? –гуфт устод маънидорона ба атрофиён нигариста.
-Ман ба Шумо каме барвақттар ҳаракат карда, духтарамонро аз хонаашон гирифта биёед, каси ҳанӯз бо мо ношиносро дар кӯча интизор кардан хуб не, нагуфта будам. Шумо бошед, боз аз донистаи худ намондаед. Хайр, ин бор ба хотири он, ки ба мо мошиннавис ёфтед, аз гуноҳатон мегузарем. Мабодо, ки он боз такрор ёбад... Сазои гапнодароиатонро ёд доред?
-Ёд дорам, устод, ёд дорам, - ба ханда шарик шуд акаи Раҳим. –Худаш коре шуда буд, ки як умр фаромӯш намешавад. Он ҳодисаро зимистон не, ҳатто дар чиллаи тобистон ҳам ба хотир оварам, аъзои баданам ба ларза медарояд. Баъд аз он воқеа, ана акнун дар авҷи баҳор ҳам палторо аз тан накашида мегардам. Мо аз суҳбат чизеро фаҳм накунем ҳам, ба акаи Раҳим, ки ҳамчун гунаҳкоре ҳарф мезад, нигариста, худро аз ханда боздошта наметавонистем. Воқеа, дар ҳақиқат, ғалатӣ будааст.
Яке аз рӯзҳои сармои зимистон... Устод, ки бо мақсади гусели меҳмонони аз Маскав омада ба вокзал баромада буд, дар тарабхонаи “Самарқанд” зиёфати гусел меорояд. Палтои дар такягоҳи курсӣ овезони акаи Раҳимро дида:
-Раҳим, ин ҷо он қадар гарм не, ки палторо кашида монед, пӯшида шинед. Боз вақти таку дави гусел аз ёдатон набарояд, -гуфтаанд муаллим.
Акаи Раҳим бошад, хотирҷамъона:
-Ташвиш накашед, устод, -гӯён якравӣ кар-
дааст.
Дар туфаланги омад-омади поезд палто воқеан ҳам дар такяи курсӣ фаромӯш мондааст. Баъд аз гусели меҳмонон дар нимароҳ мошин ба сабабе бозистода мемонад. Вақте ки акаи Даврон (ин шахс солҳои мадид ронандаи адиб буд) аз мошин фуромада иллати онро меҷустааст, устод аз палтои акаи Раҳим ёд мекунанд.
-Дар воқеъ, Раҳим, палтоятон канӣ?, -мепурсад адиб. Акаи Раҳим дар тарабхона фаромӯш шудани палторо дониста, саросемавор аз мошин мефарояд.
-Ҳа, дуруст, дуруст туфайли хунгармии ҷавонӣ, бо бовар ба он, ки хотираатон дар ҷояш аст, аз либоси оҳараш нарехтаи худ лоҷарам ҷудо шудед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, пас гашта аз пайи дарёфти палто шавед.
Он замонҳо таксиву автобус кам, бар замми он рӯз ҳам торик шуда буд. Аз ин рӯ, акаи Раҳимро зарур омадааст, ки то ба вокзал пиёда равад. Устод ба аҳволи шогирди “гапнодаро”-и худ, ки бо вуҷуди тозон рафта палторо ёфта омаданаш сахт сармохӯрда буд, дилаш сӯхта, аз вай ҳазломез:
-Раҳимҷон, дар чиллаи зимистон пойро ба ду даст гирифта давидан ҳам аҷаб кайфияте доштагист-а? –гуфта суол мекунад. –Дар боби давидан аз афт чемпионҳои ҷаҳонро ҳам дар доғ мондагӣ барин менамоед. Бар ивази ин қадар азият, шукр, ки палто ёфт шуд.
-Падару бобоёни мо “дар баҳор низ беҷома набош, зимистон худат медонӣ” барин ҳикматро беҳуда нагуфтаанд. Мағзи ин ҳикматҳоро, ки аз таҷрибаи дуру дарози ҳаёт гузаштаанд, чашидан ва мунтазам ба онҳо амал кардан лозим. -Маълум мешавад, ки Раҳимҷони бечораро хеле сармо хӯрондаетон, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд Холапошшо.
-Ин кас худашон толиби он бошанд, гуноҳи мо чӣ?
Акаи Раҳим аз ин суханони бо ҳазлу шӯхӣ радду бадалшуда завқ бурда, аз ҷо хест ва ба хона даромада, аз он ҷо бо якчанд мусаввадаи ғафс берун шуду онҳоро рӯйи миз гузошт. -Корамон хеле мушкил, на худро мондаву на моро интизор сохта, то ҷое, ки имкон ҳаст, баҳри зудтар ва босифат рӯбардор намудан саъй мекунед. Ман дафъатан аз он, ки чунин як кори муҳимро ба дӯши худ мегирам, хеле ҳаросидам, лекин аз бисёрӣ ва мушкилии кор тарсида, аз вай гардан тофтан барои ман боз ҳам гаронтар буд. Бо чунин андешаҳо хомӯш мондани маро дида, адиб ба Раҳим Ҳошим рӯ овард:
-Кору ташвиши духтарамон бидуни ин корҳои беохири мо низ басанда будааст. Хабар доред, ки ин кас бояд имтиҳон супоранд? Бо назардошти ин, корро тавре ташкил кардан лозим, ки ҳар дақиқа пурсамар истифода шавад, вақтамон чун имрӯз ба ройгон наравад. Агар мо бо такя ба кумаку имдоди ҳамдигар кор накунем, ба иҷрои нақшаҳоямон халал мерасад, дар назди ноширону тарҷумонҳо мулзам мешавем.
Устод суҳбатро бо Раҳим Ҳошим анҷом доду моро ба болохона-хонаи мошиннависӣ раҳнамоӣ кард ва тартиби кор, шумораи нусхаҳо, дараҷаи сифат, ҳатто техникаи чопи баъзе санадҳоро ботамкинона фаҳмонд.
(Аз китоби «Шуълаи
ҷовидон»-и Қурбоной Убайдуллоева, Самарқанд,
с. 2022)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...