КҲФ ба сокинон ҳушдор медиҳад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 497
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонида мешавад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Хусусан, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ борони бошиддат дар назар дошта шудааст.
Бар асари боришоти борон хатари эҳтимолии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳоро дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин омадани селҳо, резиши сангу лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч аз хатарҳои дигари эҳтимолӣ мебошанд.
Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо одамон дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо гардиш кунанд. Бахусус сайёҳонро лозим аст дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад зиёда эҳтиёткору бадиққат бошанд. Бахусус, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст.
Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест.
Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00