Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
29 март дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосия масъалаҳои татбиқи “Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024”, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” дар вилоят ва иҷрои қарори раиси вилоят оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030” ва ғайраҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ ва раёсату шуъбаҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят, роҳбарони муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар даъватшудагон ширкат варзиданд.
Дар оғоз гузориши Қурбон Қурбонзода, раиси Комиссияи вилоятии интихобот, оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум шунида шуд. Ба ҷойи вакилони хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №40 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №27 раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ва аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №41 раиси ноҳия Холмурод Раҳмон дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб шуданд. Вакилони навинтихобшуда дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд карда, ба онҳо шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми апрели соли 2021 таҳти рақами 130 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2021 таҳти №53 “Дар бораи барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2024” ҳисобот дод. Нишондод амалигардонии барномаи зикргардида дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла 16 дегхонаи соҳаи тандурустии вилоят ва 99 дегхонаи гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва қисман корношоям мебошанд. Мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ, аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, корезӣ, ба пуррагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.
Зимни баррасии масъалаи мазкур, раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба проблемаҳои зикршуда масъулинро муваззаф кард, ки чораю тадбирҳои муҳимро ҷиҳати бартараф намудани онҳо роҳандозӣ намоянд. Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати
қатъӣ гиранд.
Сипас, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Сафарҷон Салимзода оид ба рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот дод. Бо мақсади сари вақт ва босифат иҷро намудани барнома дар вилоят нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ шуда истодаанд. Дар назди раиси вилоят дар ҳайати 21 нафар Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолият дошта, ин шӯроҳо
дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ амал карда истодаанд.
Дар доираи барномаи мазкур дар вилоят озмунҳои “Мақолаи беҳтарин” дар мавзуъҳои “Ифтихори ватандорӣ”, “Номуси ватандорӣ”, “Амният-заминаи саодат”, мусобиқаи “Ватанпарвар” баргузор шуда, бо иштироки ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадорон барномаҳои махсуси “Инсон ва қонун”, “Ҷавонон ва ҷомеа”, “Бозтоб” дар мавзуъҳои таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ташкил ва тариқи телевизиони “Хатлон” намоиш дода шуд. Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тақвият бахшидан ва баланд бардоштани шуури сокинон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Хатари ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмӣ, даст задан ба қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир гирифта шавад.
Ҳамчунин, дар иҷлосия ҳисоботи сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард” дар вилоят шунида шуд. Зикр гардид, ки соли 2022-юм 2 ҳазору 969 километр роҳҳо ба маблағи умумии 156 миллиону 516 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар ду моҳи соли равон ин нишондод ба 152 километр расонида шуд. Бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 24 километр таъмири асосӣ, 70 километр роҳҳо сангфарш ва 8 кӯлу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Вале дар баробари пешравиҳо камбудиҳо дар соҳаи роҳдорӣ низ дида мешавад.
Бо хулосабарорӣ аз вазъи соҳа раиси вилояти Хатлон Давлталӣ Саид диққати масъулинро ба ҳалли мушкилоти роҳу нақлиёт, таъмиру азнавсозӣ, таъмири техникаҳои мавҷуда, ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, захираи омехтаи зидди лағжиши босифат, бо пуррагӣ омода намудани техникаҳои роҳнигоҳдорӣ, сӯзишворӣ, таъмин намудани кормандон бо либосу пойафзоли зимистона ҷалб карда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешиданро талаб намуд.
Ҳамчунин, иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8 ва Ҳамадонӣ №50-ро пеш аз муҳлат қатъ намуда, барои ташкил ва баргузор кардани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бар ивази вакилони хориҷшуда қарорҳои дахлдор қабул кард.
Дар иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ховалинг, Темурмалик, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ёвон, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Муъминобод, Данғара оид ба номгузории деҳаҳо, муассисаҳои таълимӣ дастгирӣ ёфт.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.