Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ


Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ



Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, котибон ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва намояндагони ВАО ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Шӯро масъалаи «Роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ҷаласаро оғоз бахшида, Азиззода Шуҳрат – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, оид ба ин масъала маърӯза намуд.




Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир ба ин масъала чунин иброз намудаанд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. 

Дар кори ҷаласа, инчунин Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои дур аз маркази вилоятҳо ва ҳадафи он суханронӣ намуд ва иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин ҷаласаҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мардум ва додани тавсияҳо ба мақомоти иҷроия дар ҳалли онҳо иборат мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур Атоев Илҳомҷон, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ оид ба мавзӯъ маърӯза намуданд.

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо саволу ҷавоб байни аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ва корбарони ҷаласа сурат гирифт. Аз тарафи рӯзноманигорон, имомхатибон ва кормандони маориф доир ба сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ аз тарафи хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба дастрасии иттилоот тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ савол дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз тарафи аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо доир ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вокуниши саривақтӣ додан ба нафароне, ки ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зид ҳастанд, пешниҳодҳо ироа гардид. Инчунин, пешниҳод гардид, ки дастовардҳои давраи истиқлолияти Тоҷикистон аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои муоширати байни халқҳои дар Тоҷикистон иқоматдошта ва берун аз он муаррифӣ карда шавад.

Ҷаласа баъди муҳокимаи ду масъалаи рӯзнома ва қабули қарор ба кори худ хотима бахшид.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода