Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ММТ. Дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис додааст


ММТ. Дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис додааст



Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал намекунанд, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис додааст.

Тибқи иттилои манбаъ аз 27 марти соли равон дар ду ноҳияи вилоят Ховалинг ва Балҷувон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ба фаъолият оғоз намуданд. Муҳлати фаъолияти нуқтаҳои мазкур дар давоми то ду ҳафта ба нақша гирифта шудааст, ки хатмкунандаи ноҳияҳои зикршуда тавассути онҳо метавонанд, аз қайди расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.


Мавриди зикр аст, ки мувофиқи нақша дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимоамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудааст, ки дар умум, 59 шаҳру ноҳияро фаро мегирад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода