Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Хатлон муаррифӣ гардид


Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Хатлон муаррифӣ гардид



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид. Дар ин хусус хабар медиҳад сомонаи вазорати мазкур.

Зимни ҷаласа муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло гуфт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.


Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.


Дар рафти ҷаласа мудири бахши рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон Х. Валиев дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ намуд.


Дар фарҷом баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода