Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: «Бунёдкориҳои кишвар аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ сарчашма мегирад»


Давлаталӣ Саид: «Бунёдкориҳои кишвар аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ сарчашма мегирад»



Дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагии кишоварзон ба кишти баҳорӣ, рафти тозакунии заҳбуру заҳкашҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳафтаи сипаришуда ба як қатор ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят сафари корӣ анҷом дода, ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногун иштирок намуд.

Ноҳияи Ҷайҳун. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари худ ба ноҳияи Ҷайҳун нахуст, дар кӯчаи Б. Раҳимзодаи Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҷайҳунро мавриди истифода қарор дод. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,09 га замин бо маблағи умумии се миллион сомонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҷайҳун аз 11 ҳуҷраи корӣ иборат буда, кормандон бо тамоми таҷҳизот ва шароити корӣ таъмин гардиданд. Хизматрасониҳо тариқи равзанаи ягона ба роҳ монда шуда, Раёсат ба зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинон хизмат мерасонад. Дар саҳни бинои тозабунёд Давлаталӣ Саид бо собиқадорону сокинони ноҳия ҳамсуҳбат шуда, онҳоро ба ободкорию созандагӣ даъват намуд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз пистазори мавзеи “Озодӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун боздид кард. Бо азму талошҳои соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов дар масоҳати 40 гектар пистаи туркии навъи “Узун Антеп” ва дар масоҳати 20 гектар бошад, боғи бодом шинонида шудааст. Дар пистазори мазкур мутахассисон ба пайванд намудани дарахти писта машғул буда, барои фурӯш низ ниҳолҳои парваридаашонро пешниҳод намуда истодаанд.

Сипас, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд. Дар қабули сайёри шаҳрвандон зиёда аз 15 нафар сокинони ноҳия ба раиси вилоят оид ба мушкилоти худ муроҷиат намуданд. Раиси вилояти Хатлон муроҷиати сокинонро шунида, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муроҷиаткунандагон дастуру супоришҳои му-шаххас дод.
Ноҳияи Хуросон . Ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ, омодагии кишоварзон ба кишти баҳорӣ, рафти тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дигар корҳои агротехникӣ ва мулоқот бо сокинон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари кории худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба хоҷагии деҳқонии «Бобои Хидир»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, дар кишти пунбадона ширкат варзид. Тибқи иттилои масъулин, хоҷагии деҳқонии номбурда дар масоҳати 48 га замин ташкил карда шуда, ҳамасола дар масоҳати 38 га замин кишти пунбадона мегузаронанд. Дар баробари ин, деҳқонони хоҷагии “Бобои Хидир” дар гармхонаҳои замонавӣ сабзавоти барвақтӣ, бодиринг, помидор, карам, қаламфури булғорӣ ва ғайра кишт мекунанд. Дар заминҳои боқимондаи хоҷагии деҳқонӣ ғалладонагиҳо, картошка, пиёз ва ғайраро кишт намуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳоди сокинон менамоянд. 

Давлаталӣ Саид бо сокинон ва кишоварзони ноҳия ҳамсуҳбат шуда, доир ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, гирифтани ду–се ҳосил, саривақт анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳори назар кард.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон раиси вилояти Хатлон дар маросими ба истифода додани бинои иловагии синфхонаи технологӣ дар назди МТМУ №17 барои 24 ҷойи нишаст иштирок намуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, аз синфхонаҳои дуредагрӣ, дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маркази савдо ва хизматрасонӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маркази савдо ва хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкор Ҷалолиддин Муҳиддинов бо маблағи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, аз ду ошёна, ҳашт нуқтаи савдо - толори мебел, дорухона, дуконҳои гӯштфурӯшӣ, хизматрасониҳои мобилӣ ва ғайра иборат аст.

Зимни шиносоӣ аз иншооти Марказ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкори ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободу зебо намудани як гӯшаи Ватан изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳар шахси соҳибватан ва соҳибмаърифат вазифадор аст, ки барои пешрафт ва ободонии он саҳми худро гузорад.

Ноҳияи Вахш.
Дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Вахш сафар кард.

Дар деҳаи  И н қ и л о б и Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» бинои МТМУ №11-и ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилоят ба истифода дода шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ҳанӯз соли 2020 оғоз гардида, дар зарфи се сол бо сифати баланд анҷом ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас дар деҳаи Инқилоби ноҳия тамоми шароити замонавӣ фароҳам гардид. Бинои муассисаи таълимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва саҳмгузории сокинон сохта шудааст.

Давлаталӣ Саид бо сокинон, омӯзгорону хонандагон ҳамсуҳбат гардида, нахуст онҳоро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфт. Қайд гардид, ки ҳар ободониву бунёдкорие, ки дар кишвари азизамон амалӣ карда мешавад, аз дастгириву ғамҳориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу ваҳдати сартосарии кишвар сарчашма мегирад. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат мо вазифадорем, ки баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон тамоми донишу маҳорат ва малакаи худро сарф намуда, ба Тоҷикистон ва миллати худ содиқона хизмат кунем.

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар карда, дар расми ифтитоҳи бинои МТМУ №17 иштирок намуд.

Бинои муассисаи мазкур дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти «Навобод» ҷойгир буда, аз ду ошёна, 10 синфхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат аст. Бино барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорони ин таълимгоҳ раиси вилоят иброз намуд, ки дар марҳилаи рушду тараққиёти ҷомеа, ҳамқадам бо ҷомеаи мутамаддин будан тақозои замон аст. Ин раванд, аз хонандагон омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷиву технологияи иттилоотии муосирро талаб менамояд.

Дар идомаи сафари кории худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ санги асос гузошт. Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бино раиси вилоят сохтмончиён ва масъулинро ба сифати корҳо ва маҳсулоти истифодашаванда ҷалб намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи аввали биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ марказҳои тиҷоратӣ, хизматрасонии муосир, коргоҳҳои дӯзандагӣ, нуқтаҳои маишӣ ташкил карда, марказҳо бо интернети баландсуръат таъмин карда хоҳанд шуд.

Шаҳри Бохтар. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид китобхона ва маркази компютерӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Таҳхона махзан барои нигоҳдории 250 ҳазор нусха китоб ва озмоишгоҳҳои технологӣ, аз қабили коркарди чӯб, ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ, стандартизатсия, сохтмон пешбинӣ гардидааст. Дар бино толори хониш, намоишгоҳҳо вобаста ба адабиёти тавсияшуда дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои донишгоҳ мавҷуд буда, аз маҷлисгоҳ бо 350 ҷойи нишаст иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми бино вобаста ба тарғиби мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон маркази омӯзишии илмӣ – таҳқиқотии «Мактаби сарварии Пешвои миллат» таъсис ёфтааст. 

Китобхонаи электронии донишгоҳ бо 200 компютер, 150 ҳазор нусха китобҳои электронӣ, комплексҳои таълимӣ вобаста ба фанҳои таълимӣ ва 20 адад смартэкрану камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.

Раиси вилояти Хатлон ба шароити дарсомӯзӣ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки донишҷӯён аз ин шароит фаъолона истифода намуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ карда, ба Ватан ва миллат хизмат хоҳанд кард.

Носирҷон Маъмурзода,
Толиб Толибзода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода