Барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 559
Соли гузашта барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин хусус Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди ҳисобот дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, иттилоъ дод.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ду маротиба ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аксар ҷавонони мамлакат бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан рафта, сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдид ҳимоя менамоянд. Дар баробари ин ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат кардан дар сафи Артиш худдорӣ намуда, бо пеш овардани ҳар гуна баҳона аз хизмат саркашӣ мекунанд.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи махсусе барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (м. 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи он барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин барои саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷишии ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Aммo, новобаста аз ин, баъзе шаҳрвандони синни даъватӣ аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд ё бо ин мақсад ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...