Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 633
Имрӯз, 28 март, дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад.
Тавре аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иттилоъ доданд, конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои мубрам, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани платформа оид ба табодули ахбори илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва ғайра муҳокима мегарданд.
Олимон усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашавандаро баррасӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...