Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят барпо мешавад


Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят барпо мешавад



Пагоҳ, 29 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, аз рӯйи ҳафт масъалаи корӣ баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки вакилон ахбори раиси Комиссияи вилоятии интихоботро оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 шунида, ваколатҳои вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро тасдиқ намоянд. Ҳамзамон дар иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 апрели соли 2022, №130 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №53 “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, №9 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 


Вакилон ҳисоботи сардорони муассисаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаҳои Бохтару Кӯлобро оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” хоҳанд шунид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода