ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 419
Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти вобастаи давлатии даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти масъули даъват ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низомӣ ба роҳ монанд, то ки дар натиҷа ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аҳамияти мудофиавидошта дар мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.
Зимнан, ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ гуфта карда шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.
Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!
Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Instagram, OK, Telegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00