Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ҶАВОНӢ» БАРАНДАИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ГАРДИД


«ҶАВОНӢ» БАРАНДАИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ГАРДИД



Имрӯз, 22 март бозии ниҳоии Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» доир гардид. Дастаҳои «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар, «Ҷавонон»-и ноҳияи Ёвон аз минтақаи Бохтар ва дастаҳои «Андароб» ва "МДМВ"-и шаҳри Кӯлоб аз минтақаи Кӯлоб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифта, дар ин миён, бо ҳам сабқат намуданд. 

Дар даври ниманиҳоӣ дастаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар бо шикаст додани дастаи "МДМВ"-и шаҳри Кӯлоб ва дастаи «Ҷавонон»-и ноҳияи Ёвон бо шикаст додани «Андароб»-и шаҳри Кӯлоб ба қисмати ниҳоӣ баромаданд. 
Барои мақоми сеюми мусобиқа дастаҳои "Андароб" ва "МДМВ" бо ҳам рақобат намуданд, ки бозингарони "МДМВ" бо ҳисоби 9:8 ғалаба намуданд.  
Барои мақоми аввали мусобиқа дастаи "Ҷавонӣ" бо тими "Ҷавонон" андари майдони рақобат шуданд. Ҳарчанд, дар қисмати аввали  бозӣ ҳисоб мусовӣ буд, аммо дар қисмати дуюми бозӣ наврасони шаҳри Бохтар бо ҳисоби 4:2 ба дастаи ҳариф ғолибият ба даст оварданд ва барандаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» дар соли 2023 гардиданд. 
Бо ҳамин, наврасони шаҳри Бохтар соҳиби мақоми аввал,  дастаи наврасони ноҳияи Ёвон соҳиби мақоми дуюм ва дастаи наврасони шаҳри Кӯлоб соҳиби мақоми сеюм  гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба дастаҳое, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, аз тарафи идораи рӯзномаи "Хатлон" бо Ҷом, Диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, ба наврасоне, ки дар даври ниҳоии иштирок фаъол доштанд, аз тарафи масъулини мусобиқа бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» бо саҳми нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - рӯзномаи «Хатлон» дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баргузор гардид. Дар он 16 даста аз ду минтақа - Бохтар ва Кӯлоб  ширкат намуда, байни ҳам рақобат намуданд. 
Ҷасури Қиёмиддин, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода