Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таъсиси Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба хисороти заминларза


Таъсиси Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба хисороти заминларза



23 марти соли 2023, соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Маркази ҷунбиши қишри замин 132 км қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50 км қисми шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96 км шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар деҳаи Палдураки Ҷамоати деҳоти “Лангар”-и ноҳияи куҳистони Мастчоҳ умқи 11 км ба қайд гирифта шудааст. Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, дар минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Маротибаи дуюм, соати 7:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил намуд. Маркази ҷунбиши қишри замин 6-7 км деҳаи Палдураки Ҷамоати деҳотии “Лангар”-и ноҳияи куҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40 км бо қувваи 4 балл, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд. Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо тибқи иттилои сокинони ин минтақа дар чанд деҳаи ноҳияи куҳистони Мастчоҳ оғилхонаҳои сокинон хароб шудаву хонаҳои истиқоматӣ низ кафидаанд. Бинобар маълумоти мазкур чорвои сокинон талаф ёфтаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссия ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад.

Дар робита ба ин, аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасоси аз ҷониби шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншаванда бовар накунанд ва ба хабарҳои расмӣ эътимод намоянд.

“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода