Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо намояндаи UNOPS
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 414
Дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мушовири калони директори UNOPS (Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ) Растислав Врбенскийро ба ҳузур пазируфт.
Баррасии имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иҷтимоию гуманитарӣ мавзуи меҳварии мулоқоти мазкур буд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити судманду самарабахши бисёрсола қайд кард, ки имсол 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд.
- Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббуси ҷаҳониро дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ карда, ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои он, аз ҷумла UNOPS тақвият хоҳад дод.
Қобили зикр аст, ки Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.
Дар мулоқот иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои фаъолияти худ дар Тоҷикистон СММ барои таҳкими сулҳ ва пешрафт дар кишварамон саҳмгузор буд. Дар зарфи солҳои 2005-2022 агентиҳои СММ дар доираи барномаҳои гуногун бо мақсади таъмини рушд дар ҳаҷми беш аз як миллиард лоллари амрикоӣ кумак расонидаанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Созмони Милали Муттаҳид инчунин вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон ба маблағи 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ зикр намуданд, ки таъмини дастрасӣ ба об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аз авлавиятҳои сиёсати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро мушкили дастрасӣ ба об ва иншооти беҳдоштӣ дар баъзе маҳалҳо то ҳол идома дорад ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистон бинобар гармшавӣ идома дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” роҳбариро ба уҳда гирифтааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, пешниҳод кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кӯмакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Инчунин, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти фарҳангӣ, корхонаҳои истеҳсолии коркард ва хушконидани меваю сабзавот, баланд бардоштани иқтидори содиротии молу маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ бо шарикони рушд номида шуданд.
Растислав Врбенский, мушовири калони директори UNOPS, қайд намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мавсуф изҳори итминон намуд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ барои густариши ҳамкориҳо ва самтҳои нав миёни вилояти Хатлон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ имконият фароҳам меорад.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкории минбаъдаи Дафтари СММ оид ба хадамоти лоиҳавӣ бо вилояти Хатлон ва рафти татбиқи барномаҳои СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Носирҷон Маъмурзода, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00