Таҷлили иди касбии прокуророн
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 550
Имрӯз, 14 март, дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи вилояти Хатлон ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода иштирок карда, тамоми кормандони мақомоти прокуратураи вилоятро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шодбош гуфт.
Қайд гардид, ки дар шароити созмон додани давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи адолатпарвар ва арзиши олӣ эълон намудани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд нақши назорати прокурорӣ дучанд афзуда, чун яке аз кафолатҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқ ва ман-фиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат баромад менамояд.
Мақомоти прокуратура дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳу-қуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳр-вандон саҳми асосӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон санаи 13 марти соли 2018 дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура иброз намуданд: «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза ба ҷинояткорӣ равона гардидааст».
- Иброз бояд намуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд, - идома дод А. Сулаймонзода. - Бояд гуфт, ки қаблан дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилоят кормандони мақомоти прокуратура дар биноҳое фаъолият мекарданд, ки дар онҳо шароити муътадили корӣ вуҷуд надошт. Маҳз бо шарофати истиқлолият ва дастгириву таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сохтор бо биноҳои маъмурӣ пурра таъмин шуда, дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои мақомоти прокуратура таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки кормандони мақомоти прокуратураи вилоят бо дарки масъулият тарзу усулҳои муосири корро ҷорӣ карда, ҳамкориро бо мақомоти идоракунии давлатӣ, бахусус мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳким бахшида, дар доираи ваколатҳои худ ба фаъолияти муътадили онҳо мусоидат менамояд.
Изҳори итминон шуд, ки кормандони прокуратураи вилоят вазифаҳои пурмасъули хешро вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо қалби поку садоқатмандона иҷро менамоянд.
Дар интиҳо, ба як қатор собиқадорон ва кормандони фаъоли мақомоти прокуратураи вилоят Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...