Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари Бонки осиёии рушд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 355
Имрӯз, 16 марти соли равон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл мулоқот намуд, дар ин бора шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо рафти ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро мавриди матраҳ қарор доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуда, изҳори розигӣ ва қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилоятро изҳор дошта, ташрифи меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид карда шуд, ки дар вилояти Хатлон бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида истодааст.
Дар вилояти Хатлон ҳануз ҳам захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд. Аз ҷумла, барои обёрии заминҳои бекорхобида, татбиқи лоиҳаҳои дар самтҳои маориф, тандӯрустӣ, саноат ва сайёҳӣ метавон лоиҳаҳои навро таҳия ва татбиқ кард, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Вилояти Хатлон ва Бонки осиёии рушд дар ин замина метавонанд тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.
Роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят изҳори сипос намуда, ҷиҳати саҳми бештар гузоштан дар амалишавии нақшаҳои нек ҳавасмандии худро баён дошт.
Хотиррасон мешавем, ки дар вилояти Хатлон аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим лоиҳаҳои гуногун амалӣ гашта истодааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00