Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: “Таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон муҳим мебошад”


Давлаталӣ Саид: “Таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон муҳим мебошад”



Имрӯз, 17 март дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорону сармоягузорон ҷараён дорад.

Нахуст, раиси вилоят дар саҳни Кохи фарҳанг аз намоиши имкониятҳои сармоягузорӣ, тиҷоративу содиротии ширкатҳои ватанӣ ва филиалҳои бонкҳо дидан карда, барои рушди ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, дастгирии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкорон, сармоягузорӣ ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ машварати судманд дод.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи вохӯрӣ мақсад аз ин дидорро идомаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ намуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ дар ин самт гузаронида шуд. Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориву сармоягузорӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ боз ҳам мусоид гардид ва хизматрасониҳои муосири электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон роҳандозӣ карда шуд. Чораҳои амалигардида ба рушди ин бахшҳо такони ҷиддӣ бахшида, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл мутаносибан то 70 фоиз ва 68 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфт.

Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар самти танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳо корҳо идома доранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки бо истифода аз имконияту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, фаъолияти соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон бомаром рушд намуда, соли 2022, дар маҷмӯъ 108 ҳазору 505 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба 5 соли пеш 9,7 фоиз зиёд мебошад. 


Раиси вилоят ба мақомоти бақайдгиранда дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва камбудиҳо вобаста ба саривақт ва дар муҳлатҳои тибқи қонунгузорӣ пешбинигардида ба қайд гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ чораандешӣ намоянд.
Ба таъкиди Давлаталӣ Саид, бо мақсади дастгирии соҳибкорон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта ва рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят байни соҳибкорон пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят телефони боварӣ барои муроҷиати соҳибкорон ташкил карда мешавад. 

Дар мулоқоти раиси вилоят зикр шуд, ки соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии дар вилоят фаъолияткунанда ба соҳибкорон ва аҳолӣ 3 миллиарду 10 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 504,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
- Бонкҳои тиҷоратии дар вилоят фаъолияткунандаро зарур аст, ки бо назардошти талаботи иқтисодиёт ба қарзҳои бонкӣ, маҳсулотҳои нави қарзиро омода ва ба соҳибкорон пешниҳод намоянд, - афзуд раиси вилоят Д. Саид. - Ҳамзамон, бо мақсади дастрасии васеи соҳибкорон ба сарчашмаҳои нисбатан арзони қарзӣ, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкории вилояти Хатлон муҳим мебошад.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳибкорӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукиро фароҳам овардааст, ки барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2023 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,5 миллиард долларро ташкил намуда, аз он 1,4 миллиард доллар сармояи мустақим аст. Бо ҷалби ин сармоя дар вилоят 52 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд.

Раиси вилоят ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дод, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳаҳои шарикони рушд дар вилоят ва таҳияву амалисозии лоиҳаҳои нав дар самтҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, коркарди партовҳои сахти маишӣ, обрасонӣ, тандурустӣ ва маориф, инчунин рушди неруи инсонӣ ҳамкориҳоро бо шарикони рушд тақвият бахшад. 

- Зарур аст, ки мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шуда, корҳо ҷиҳати гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратӣ, хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқӣ ва иқтисодию молиявӣ, муҳосибот ва ҳисобдорӣ, масъалаҳои андозу гумрук, содироти молу маҳсулот, оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Инчунин барои рушди инфрасохтори фаъолияти соҳибкорӣ, мусоидат ба таъсиси ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳавӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Раиси вилоят ба масъулони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва соҳибмулкони корхонаҳо, барои ба кор андохтани корхонаҳои саноатии азкормонда бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар усулҳои муосир чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои бунёди коргоҳу корхонаҳои коркарди шир, меваю сабзавот, сехҳои дӯзандагӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ, қолинҳои дастӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, сангҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ вобаста ба талаботи бозорҳои дохилию хориҷӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз тамоми имконияту захираҳо истифода намоянд.

Ба таъкиди Давлаталӣ Саид, яке аз соҳаҳои муҳиме, ки метавонад ба рушди иқтисодиёти вилоят мусоидат намояд, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ мебошад. Ҳоло шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят 19 адад буда, афзоиши шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят, ташкил ва роҳандозии хатсайрҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳо ва минтақаҳои сайёҳии Хатлонзамин муҳим арзёбӣ гардид.


Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, лоиҳаи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2026, феҳристи ҳунармандон ва ҳунарҳои мардумии вилоят таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар интиҳои сухан раиси вилоят изҳори итминон намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон саъю кӯшиши худро ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ - Хатлон равона менамоянд.

Дар мулоқот чанде аз соҳибкорону сармоягузорон,  намояндагони шарикони рушд доир ба масъалаҳои мавриди назар сухан гуфта, ҷиҳати рушди тиҷорат ва ҷалби сармоя пешниҳодоти худро ироа карданд.

Н. Маъмурзода, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода