7 факт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 542
1. Ба таҳқиқи олимони соҳа, ҳаҷми умумии об дар ҷаҳон ба 1.4 миллиард км3 мерасад, ки 90 миллион км3-ро обҳои масоҳатҳои хушкӣ дар бар мегиранд.
2. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.
3. Барои гудозиши 1 тонна чӯян ва табдили он ба оҳани тоза 300 м3 об, 1 тонна никел 4000 м3 об, 1 тонна каучуки синтетикӣ 3600 м3 об, 1 тонна капрон 5600 м3 об сарф мешавад. Миқдори зиёди об барои ҳал ва дур кардани боқимондаҳои пасмондаҳо сарф мешавад, ки он дар солҳои наздик ба 34 фоизи талаботи солонаи инсоният ба оби ширин рост меояд.
4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 300 км мавҷуд аст, ки ҳамаашон кӯҳиянд. Дарозии умумии ин дарёҳо қариб 30000 км аст ва дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри куби об ҷорӣ мешавад.
5. Имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити санитарӣ дастрасӣ надоранд.
6. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунанд.
7. Миёни зиёда аз 30 давлати ҷаҳон вобаста ба масъалаи марбут ба об ва захираи обӣ муноқишаҳои сиёсӣ мавҷуданд, ки ин боиси нигаронии башарият гардидааст.
Таҳияи
С. Шарифов
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...