Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми бунёди таълимгоҳи нав дар ноҳияи Дӯстӣ


Азми бунёди таълимгоҳи нав дар ноҳияи Дӯстӣ



Дирӯз, 9 март, муовини раиси девони вазирон - вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон омад.

Сокинони ноҳияи Дӯстӣ меҳмононро дар фазои хушнудӣ ва оини неки тоҷикона самимӣ истиқбол гирифтанд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳи муовини раиси девони вазирон - вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов аз лоиҳаи сохтмони муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ барои 540 ҷойи нишаст дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл”-и ноҳияи Дӯстӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Туркманистон сохта мешавад. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки бо истифода аз шароити муосири илмомӯзӣ ва муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои барҳаво мавриди истифода қарор дода шавад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид миннатдории мардуми Хатлонро ба муовини раиси девони вазирон - вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои саҳмгузорӣ дар рушди муносибатҳои ду давлат ва барои сохтани муассисаи таълимӣ баён намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вилояти Хатлон 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони оилаҳои туркмантабор бо забони туркманӣ таҳсил менамоянд.

Яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат таъмин намудани амнияти озуқавории аҳолӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳаи саноати кишвар буда, дар ин самт таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Ноҳияи Дӯстӣ дар қисми ҷанубии вилояти Хатлон ҷойгир буда, кишоварзон дар як сол ду-се ҳосил аз як қитъа замин ба даст меоранд. Ба гуфтаи мутахассисон омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокии замин сари вақт таъмин намудани он бо доруҳои минералӣ, нест кардани ҳашаротҳои зараррасон мебошад. Хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов дар ноҳияи Дӯстӣ яке аз пешқадамони самти кишоварзӣ буда, ҳамасола аз киштӣ пунбадона ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар идомаи сафар раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва Рашид Мередов дар расми оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов иштирок намуданд.

Ҳамчунин, толори Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии раиси вилояти Хатлон ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон бо сокинони туркмантабори ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки солҳои охир ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон рушд ёфта, мустаҳкам гашта истодааст. Фаъолияти василаҳои муассири ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардида, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд.

Рашид Мередов, муовини раиси девони вазирон-вазири корҳои хориҷии Туркманистон, иброз дошт, ки анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат, бародарӣ ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд. Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд.

Дар ин вохӯрӣ чанд сокини ноҳияи Дӯстӣ баромад намуда, миннатдории заҳматкашони ноҳияро ба Ҳукумакти Тоҷикистон ва ба роҳбарияти кишвари дӯсти Туркманистон барои дастгирӣ ва оғоз бахшидани корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Дӯстӣ баён доштанд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода