Пешвои миллат поягузори ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 450
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбар ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбаронест, ки дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин ташаббусҳо дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.
Солҳои охир мушкилоти экологӣ характери глобалӣ пайдо карда, ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо мақсади беҳтар шудани вазъи экологӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои бисёрҷабҳаи экологӣ фаъолона ширкат меварзад.
Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо андешаҳои худро доир ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои экологӣ ва роҳҳои ҳаллу пешгирии он
даъват намудаанд.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ:
1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эълони Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
2. Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.
3. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи баййналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи баййналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард.
4. Рӯзи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Дар ин замина иштирокунандагони иҷлосия рӯзи 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалиро оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.
Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Дар Панели сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар асри XX дар Тоҷикистон зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдонашон ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шудааст. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.
Албатта, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад.
Дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим ҳифзи захираҳои генетикӣ ва пиряхҳои ҷаҳонӣ вазифаҳои муҳимтаринанд. Коста гаштани захираҳои обӣ хатари аз байн рафтани гуногунии биологиро пеш меорад. Бинобар ин, масъалаи нигоҳдории захираҳои пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, мушкили нигоҳдории онҳо зарурати ба роҳ мондани тадқиқоти нави илмию амалиро пеш овардааст.
Дар ҳақиқат, солҳои охир масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим дар рӯи Замин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зеро он вайроншавии ҳолати кунунии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиши бемориҳо ва зараррасонҳои зироатҳо, коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишварҳоро дар пай дорад.
Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини сайёра оид ба масъалаҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иқлимӣ, гидроэнергетикӣ, географӣ, гидрологии ҷаҳонӣ андешаҳои хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни соҳаҳои мухталифи илм ба ду омили ба ҳам алоқаманд - тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.
Дар маҷмӯъ, барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, новобаста аз эҳтиёҷмандиашон оид ба ин захираҳои табиӣ, ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд.
Суҳроб ШАРИФОВ,
ассистенти кафедраи менеҷмент
ва маркетинги ДДК ба номи
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...