САНО БАР ИЛМУ АНДАРЗАТ, ҶАҲОНМАРД!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 367
Ҷаҳонмарди фидокору накӯрӯ,
Ҳамеша дар талошу дар такопӯ.
Ба ҳифзи обу боду хоку оташ,
Барои ин ҷаҳони бас мунаққаш,
Басо андеша кард, омад ба гуфтор,
Бубояд, ки биёбам ман раҳи кор.
Ҷаҳон беобу хоку боду оташ,
Бимонад лолу ҳайрону мушавваш.
Хазон гардад замин, олам бимирад,
Само бар ҳоли ин гардун бигиряд.
Набояд, ки шавад аз даҳри мо кам,
На обу хоку пиряхҳои олам.
Зи чор унсур як бемор гардад,
Фалак аз ранҷи ӯ ғамдор гардад.
Амал бояд ба илми худшиносӣ,
Зи ранҷаш ту маҷӯ роҳи халосӣ.
Ҷаҳонмардони ботадбиру тамкин,
Кай осояд замин аз ранҷи сангин?
Вуҷуде аз ҷаҳони обу хокем,
Зи даҳри оташу аз боди покем.
Чу панҷ афкори ман баҳри табиат,
Ба кор омад ба ҳар як қавму миллат.
Ба панҷ андешаи неку бамаврид,
Набуд андар ҷаҳон бар он касе зид.
Чу ҳар як баҳри ин олам зарур аст,
Ҳама он баҳри шодию сурур аст.
Вале аз гармию аз дасти одам,
Ҷаҳони мо бишуд побанди сад ғам.
Самову пардаи он ҳам зарар дид,
Фузун тафсоние кӯҳу камар дид.
Ҳазорон пиряхҳо об гаштанд,
Дарахтон дар замин нотоб гаштанд.
Чунон иқлими ин олам дигар шуд,
Замини зиндагӣ зери хатар шуд.
Гази гулхонаӣ бар осмон рафт,
Вуҷуди хоку оби ин замин тафт.
Нагирад одамӣ гар пеши ин кор,
Ҳаёт андар сайёра мешавад хор.
Зи соли ду ҳазору сеи мелод,
Басо аз панди Раҳмонӣ садо дод.
Шунид андарзи ӯро аҳли олам,
Нишаста гирди миз ёрони ҳамдам.
Ба ҳифзи обу пиряхҳои гардун,
Лаби андешаҳо гардида майгун.
Ба соли ду ҳазору бисту панҷум,
Вакил ояд зи Шарқу Ғарбу аз Рум.
Шавад бас Анҷуманҳои мутантан,
Зи файзи Пешво дар қалби Меҳан.
З-ин рӯ оламиёнро хабар дод,
Сухан бар ҷо расид, охир самар дод.
Чу ошиқ бар гулу ҳар буттаи хор,
Хазон ояд ба барге ӯ азодор.
Сулаймонфитратеро дод қисмат,
Ба ҳифзи чор унсури табиат.
Барои ҳифзи оби чашмасорон,
Барои ҳифзи санги кӯҳсорон.
Ба дарди обу ях дода давопанд,
Ҷаҳоногаҳ, саходасту хирадманд.
Сано бар илму андарзат, Ҷаҳонмард,
Раҳо созӣ табиат аз ғаму дард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...